Сокини Қурғонтеппа бо бангдона дастгир шуд

Апрель 25, 2014 09:43

Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди терминали мусофиркашонии шаҳри Қурғонтеппа, бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор шаҳрванди 28 -солаи шаҳри Қурғонтеппа Саидмуҳаммад Муродовро дастгир намуданд. Тибқи иттилоъ ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 3 кг 679 грамм маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Алҳол нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Апрель 25, 2014 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш