Сокинони кӯчаҳои марказӣ, об захира намоед!
Душанбе, 22.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Бинобар анҷом додани корҳои таъмирӣ дар қубури воқеъ дар кӯчаи Пушкини пойтахт, фардо, 23 апрел аз соати 8:00 то соати 24:00 интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои Шотемур (аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи М.Турсунзода), Пушкин, Бохтар, Теҳрон, биноҳои истиқоматии №53, №62 ва №64-и хиёбони Рӯдакӣ қатъ карда мешавад. Дар робита ба ин шаҳрдории Душанбе аз сокинони кӯчаҳои мазкур хоҳиш намудааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои 16 соат захира намоянд.
Ҳамзамон Аъламхон Қурбонов-раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Файзулло Исупов, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» муваззаф гардидаанд, ки бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони ин кӯчаҳоро бо оби ошомиданӣ таъмин намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






