Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар шароити муосир бо суғуртаи иҷтимоӣ ва суғуртаи тиббӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа мебошад.
Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ лоиҳаи Созишнома ба эътирофи якҷояи хулосаҳои тиббӣ оид ба ҳолати саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё (ЕврАзЭС) таҳия гардида, аз тарафи Комиссияи доимии намояндагон дар назди Иттиҳоди иқтисоии Аврупо ва Осиё тасдиқ гардидааст.
Дар айни замон, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати мазкур дар сатҳи мувофиқаи байнидавлатӣ қарор дорад.
Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Федералӣ «Дар бораи нафақаҳои меҳнатӣ дар Федератсияи Русия» шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки доимӣ дар Федератсияи Русия будубош менамоянд, ба нафақаи меҳнатии ин давлат ҳуқуқ доранд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳангоми ба синни нафақа расидан ва дар сурати зисти доимӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия ҳуқуқ доранд соҳиби нафақаи ин давлат гарданд.
Аксари шаҳрвандони кишварамон, ки аз тариқи иҷозат барои кор дар Федератсияи Русия муваққатан фаъолияти корӣ менамоянд ва пардохтҳои заруриро ба фонди нафақаи ин давлат адо менамоянд, бинобар набудани созишномаи байнидавлатӣ аз ин имтиёз маҳрум мебошанд. Аз ин лиҳоз зарурат ба миён омадааст, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафақа ҷиҳати фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нафақа, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба имзо расонида шавад.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






