Суғд: маҳсулоти саноатӣ ба 708,8 млн сомонӣ расид
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар семоҳаи аввали соли равон раванди рушди бемайлон идома ёфта, маҳсулоти умумии минтақавӣ дар вилояти Суғд ба 1 миллиарду 726,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,7 фоиз мебошад.
Бар пояи нишондиҳандаҳои оморӣ саноатчиёни вилоят дар давраи ҳисоботӣ ба ҳаҷми умумии 708,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят анфзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят аз ҳисоби бахши хурду миёна 135,9 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин росто корхонаҳои саноатии калони вилоят дар навбати худ афзоишро ба 101,4 фоиз таъмин карданд. Саҳми корхонаҳои хурду миёна дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии вилоят ба 24,9 фоиз баробар шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






