Суҳбати телефонии сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар). – Имрӯз, 10 апрели соли 2014, бо ибтикори ҷониби Қирғизистон суҳбати телефонии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоомарт Оторбоев баргузор гардид.
Дар оғози сӯҳбат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамтои худ Ҷоомарт Оторбоевро ба муносибати ба ин мансаби масъулиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон таъин шуданаш муборакбод кард.
Дар ҷараёни сӯҳбати судманду дӯстона масоили муҳим ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи миёни Ҷумиҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, энегетика ва нақлиёт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкории ҷонибҳо дар умури сарҳадот мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷониби Қирғизистон пешниҳод намуд, ки дар фурсати барои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муносиб мулоқоти дуҷониба доир карда шавад.
Замону макони ин мулоқот бо роҳи дипломатӣ муайян карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






