Суҳбати телефонии сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон

Апрель 10, 2014 11:28

Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар). – Имрӯз, 10  апрели  соли  2014,  бо  ибтикори  ҷониби  Қирғизистон   суҳбати  телефонии  Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Қоҳир  Расулзода  бо  Сарвазири  Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоомарт  Оторбоев  баргузор  гардид. 
Дар  оғози  сӯҳбат  Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамтои  худ Ҷоомарт  Оторбоевро   ба  муносибати  ба  ин  мансаби  масъулиятноки  Ҳукумати Ҷумҳурии  Қирғизистон  таъин  шуданаш муборакбод  кард. 
Дар  ҷараёни  сӯҳбати   судманду  дӯстона  масоили  муҳим  ва  дурнамои  ҳамкории дуҷонибаи  миёни Ҷумиҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Қирғизистон  мавриди муҳокима  қарор  гирифтанд.
Ба  масъалаҳои  густариши   ҳамкорӣ  дар  бахшҳои  иқтисодиёт,  энегетика  ва  нақлиёт  таваҷҷӯҳи  хоса  зоҳир  гардида,  ҳамчунин масоили  марбут ба  ҳамкории ҷонибҳо дар  умури  сарҳадот  мавриди  муҳокима  қарор  гирифт. 
Ҷониби  Қирғизистон  пешниҳод  намуд, ки  дар фурсати барои Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муносиб мулоқоти  дуҷониба  доир  карда шавад. 
Замону макони  ин  мулоқот бо  роҳи  дипломатӣ  муайян  карда  мешавад.

Апрель 10, 2014 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид