Судяҳо танҳо ба Сарқонун ва қонун итоат мекунанд

Апрель 18, 2014 15:24

Душанбе, 18.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Сарқонун (Конститутсия) муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, таъмини ҳифзу риояи онро кафолат медиҳад. Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб шудаанд, тааллуқ дорад. Ягон мақомоти дигар ва ё шахсе ҳуқуқи ба зиммаи худ гирифтани адолати судиро надорад. Вобата ба ин мавзӯъ бо Тимур Ҳафизов, муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе суҳбат намудем. 
Мавсуф гуфт:
-Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Сарқонун ва қонун итоат мекунанд.  Баъди  ба  вуқӯъ  пайвастани  ислоҳоти  ҳуқуқӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  масъалаи  таҳкими  пояҳои  ҳокимияти  судӣ  ва  самаранокии  фаъолияти  мақомоти  судӣ  диққати  ҷиддӣ  дода  мешавад.  Дар  низоми  мақомоти  давлатӣ  мақомоте,  ки  адолати  иҷтимоиро  ба  амал  мебарорад,  ин  мақомоти  судӣ  мебошад. Таъмини  ҳуқуқ, кафолати озодӣ ва амнияти шаҳрвандон,  яъне  фароҳам овардани  шароит  барои ҳокимияти  воқеӣ,  қонун ва  адолат  дар  дасти  ин мақомот аст.
 Аз  таҷрибаи  судӣ  собит мегардад, ки ҳодисаҳои поймолшавии  ҳуқуқу  озодиҳои шаҳрвандон  ва  вайронкунии адолат маҳз дар соҳаи ҳаёти идоракунӣ  бештар  ба  назар мерасад,  ки  ин  боиси  афзоиши  баҳсҳои  шаҳрвандӣ гардидааст. Аз ин рӯ, судҳои ҳамаи  марҳилаҳоро  лозим  аст,  ки  ҳангоми  баррасию ҳалли  баҳсҳои  шаҳрвандӣ баҳри  ҳимояи  адолати иҷтимоӣ  бештар  кӯшиш  ба харҷ  дода,  ба  он  ноил  гарданд,  ки  манфиатҳои  шахсу давлат  тибқи  Сарқонун ва  қонун  таъмин  гарданд.  Ин яке  аз  пояҳои  муҳими  устуворию  шаҳомати  ҳокимияти судӣ  ва расидан  ба  ҷомеаи мутамаддин  мебошад.  
Мақсади иброз  доштани  чунин ақидаҳо  дар  он  аст,  ки  дар фаъолияти  мақомоти  судӣ ҳанӯз  камбудиҳо ҷой доранд.  Сифату  сатҳи  баррасии  баъзе  парвандаҳо  ба талаботи  меъёрии  Сарқонуну  қонун  пурра  ҷавоб намедиҳанд  ва  натиҷаи баъзе  ҳукму  ҳалномаҳо  ва таъйиноте, ки судҳо мебароранд, на ҳамеша тарафҳоро қонеъ мегардонанд. Бинобар ҳамин,  чунин  камбудиҳо  торафт баҳсҳоро дар мақомоти судӣ  афзоиш медиҳанд. 
-Тавре  ки аз  суханҳои   Сарвари  Давлатамон  бармеояд, нақши  ҳокимияти  судӣ  дар амалӣ  намудани  адолати иҷтимоӣ  ва  бунёди  давлати  ҳуқуқбунёду  демократӣ бениҳоят назаррас мебошад. Аз  ҳамин  хотир,  сатҳи  инкишофи  ҷомеаи  ҳуқуқбунёду демократӣ  ва  дастовардҳои шоистаи  он  ба  сифати  кори ҳокимияти судӣ, меҳнати фидокоронаю  ғайрату  кӯшиши ҳайати ин ҳокимият вобастагии ногусастанӣ дорад. Чунки татбиқи  адолати  иҷтимоиро чун  маҳаки  ҳастии  ҷомеаи мутамаддин  бидуни  таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун  тасаввур  намудан  имконнопазир аст,- иброз дошт Тимур Ҳафизов, муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт.
 
 
 
 
 

Апрель 18, 2014 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад