Таҳлили фаъолияти КДСИАД

Апрель 17, 2014 16:39

 
Душанбе, 17 .04.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии (КДСИАД) Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввал ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2014 баррасӣ гардиданд. 
Сардори шуъбаи маҷмўӣ ва иттилооти кумитаи мазкур Бахтиёр Назурдинов ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки ҷаласаро муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Лочин Файзуллоев ифтитоҳ намуд. Сипас муовини раиси кумита Нигина Абдуллоева оид ба фаъолияти кумита  дар се моҳи аввал ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда маълумот дод. Ӯ зикр кард, ки кумита вобаста ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри беҳбуд бахшидан ба фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, ҳамоҳангсозии кўмаки беруна, суръатбахшӣ ба ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ ва рушду равнақ додани соҳибкории хурду миёна мунтазам чораҳои тадбир меандешад. 
Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони масъули  вазорату идораҳо, кормандони дастгоҳи марказии кумита, сохторҳои зертобеъ, масъулини раёсат, шуъба ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва як силсила шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
 
 

Апрель 17, 2014 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд