Таҳлили фаъолияти КДСИАД
Душанбе, 17 .04.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии (КДСИАД) Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввал ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2014 баррасӣ гардиданд.
Сардори шуъбаи маҷмўӣ ва иттилооти кумитаи мазкур Бахтиёр Назурдинов ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки ҷаласаро муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Лочин Файзуллоев ифтитоҳ намуд. Сипас муовини раиси кумита Нигина Абдуллоева оид ба фаъолияти кумита дар се моҳи аввал ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда маълумот дод. Ӯ зикр кард, ки кумита вобаста ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри беҳбуд бахшидан ба фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, ҳамоҳангсозии кўмаки беруна, суръатбахшӣ ба ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ ва рушду равнақ додани соҳибкории хурду миёна мунтазам чораҳои тадбир меандешад.
Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони масъули вазорату идораҳо, кормандони дастгоҳи марказии кумита, сохторҳои зертобеъ, масъулини раёсат, шуъба ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва як силсила шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






