Таҳлили якҷояи бахши маориф ва натиҷаҳо

Апрель 17, 2014 15:04

Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар бинои Муассисаи Давлатии «Душанбе Плаза» дар мавзӯи «Натиҷаҳои  таҳлили якҷояи бахши маориф» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ширкат варзиданд.
Дар конфронс Фатҳиддин Исмонов, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зимни маърӯзаи худ- «Муаррифии таҳлили якҷояи бахши маориф ва банақшагирии миёнамуҳлат» гуфт, ки таҳлили якҷояи бахши маориф  барои Ҳукумат, донорон ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ барои вохӯрдан, баррасӣ ва арзёбӣ намудани соҳаи маориф имконияти хубест.
Ҳадафи он таъмин намудани замина барои муҳокима ва таҳлили натиҷаҳои ноилшуда ва мушкилиҳои ҳалталаб мебошад.
Бояд гуфт, ки конфронс фардо ба анҷом мерасад.
 

Апрель 17, 2014 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик