Таҳлили якҷояи бахши маориф ва натиҷаҳо
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар бинои Муассисаи Давлатии «Душанбе Плаза» дар мавзӯи «Натиҷаҳои таҳлили якҷояи бахши маориф» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ширкат варзиданд.
Дар конфронс Фатҳиддин Исмонов, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зимни маърӯзаи худ- «Муаррифии таҳлили якҷояи бахши маориф ва банақшагирии миёнамуҳлат» гуфт, ки таҳлили якҷояи бахши маориф барои Ҳукумат, донорон ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ барои вохӯрдан, баррасӣ ва арзёбӣ намудани соҳаи маориф имконияти хубест.
Ҳадафи он таъмин намудани замина барои муҳокима ва таҳлили натиҷаҳои ноилшуда ва мушкилиҳои ҳалталаб мебошад.
Бояд гуфт, ки конфронс фардо ба анҷом мерасад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






