Таҷлили ҷашни 100- солагии Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ

Апрель 18, 2014 11:34

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони байналмилалии ЮНЕСКО қарор баровард, ки  100-солагии оҳангсози шинохта, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ З.Шаҳидӣ ба феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2014-2015 ворид гардад.
Гуфта мешавад, ки ҷашни мазкур дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мегардад. Нақшаи чорабиниҳоро муовини Сарвазир М. Ҷабборӣ  тасдиқ намуд.
Аз ҷумла дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳо, Бунёди байналмилалии ба номи З.Шаҳидӣ баргузории конфронси илмӣ  дар мавзӯи «Нақши композитор Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ дар равнақи санъати мусиқӣ ва операи миллии тоҷик», Вазорати фарҳанг, Иттифоқи композиторон ташкили чорабиниҳои ҷашнӣ дар муассисаҳои таълимии санъат ва фарҳанги кишвар, Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи композиторон, Иттифоқи журналистон оид ба «Инъикоси ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ дар ВАО», Иттифоқи композиторон, Бунёди байналмилалӣ ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода доир ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии сарояндагони касбӣ бахшида ба 100-солагии композитор Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ ва нақшаи дигар чорабиниҳо  тасдиқ гардиданд.
Ёдрас мекунем, ки Зиёдулло Шаҳидӣ  (1914-1985) дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Ба ташаккули эҷодиёти ӯ анъанаҳои мусиқии ин шаҳри қадима таъсири бузург расонидаанд.
Соли 1940-ум З.Шаҳидӣ дар студияи эҷодии назди Иттифоқи композиторон таҳсил мекунад. Дар сурудҳое, ки композитор дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ офаридааст, рӯҳияи бузурги халқ инъикос ёфтааст.
Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ рузи дуюми ҷанг суруди «Ватан-Ватан» ба шеъри А.Лоҳутиро эҷод мекунад, ки он ҳамон лаҳза оммавӣ мегардад.
 

Апрель 18, 2014 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад