Таҷлили байналмилалии 100 — солагии З. Шаҳидӣ
Душанбе, 08.04.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- 7 апрел дар Вазорати фарҳанги ҶТ таҳти раёсати муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров оид ба таҷлили 100- солагии композитор ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зиёдулло Шаҳидӣ маҷлиси машваратӣ баргузор гардид.
Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иитилоъ доданд, ки дар ҷаласаи мазкур роҳбарони муассисаҳои театриву консертӣ, иттифоқҳои нависандагон, композиторон, рассомон иштирок намуда, нақшаи чорабиниҳоро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Мавриди ёдоварист, ки бо Қарори байналмилалии ЮНЕСКО таҷлили 100-солагии оҳангсози шинохта, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ З.Шаҳидӣ ба феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2014-2015 ворид гардид. Ин ҷашни фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






