Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон

Апрель 8, 2014 10:56

Душанбе, 08.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Кристина  Эрлих). – 7  апрел  дар тамоми  ҷаҳон  Рӯзи  умумиҷаҳонии тандурустӣ  таҷлил  шуд. Соли  ҷорӣ  мақсад  аз  таҷлили  ин  рӯз ҷилавгирии сирояти  бемориҳо  ба  воситаи  ҳашарот  буд.Беш  аз  нисфи  мардуми  ҷаҳон   зери  хатари  сирояти  чунин  бемориҳо аз  қабили  вараҷа,  бемории  Денге,  лейшаманиоз, бемории Лайма, шистосомоз,  ва  табларза  қарор  доранд, ки ба  воситаи  хомушак,  пашша, кана,  туқумшулӯк ва ҳашароти дигар  паҳн  карда  мешаванд.
Ҳар  сол  беш  аз  1  миллиард  нафар  одамон  дучори  бемориҳои ба  воситаи  ҳашарот  сироятшаванда   гардида ва  зиёда  аз  1  миллион нафари онҳо  ҳалок  мегарданд. Дар  ин  бора  аз  Намояндагии  Созмони умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд. 
Тайи  20  соли  охир  бисёр  бемориҳои  зикршуда  аз  нав  пайдо шуда ва дар  минтақаҳои нави  ҷаҳон  паҳн  гардидаанд.
Масалан,  бемории  Денге, ки  онро  хомушак  паҳн  мекунад,  дар  100 кишвар  ба  қайд  гирифта  шудааст.  Вақтҳои охир  ин  беморӣ  дар  Чин, Португалия  ва иёлати  Флоридаи  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  мушоҳида  шудааст. 
Мувофиқи  хабарҳои  нав,  тайи  40  соли охир  бори нахуст  дар  Юнон  бемории  вараҷа  ба  қайд  гирифта  шуд, ки  ин  аз  хавфи  доимии такроран  пайдо  шудани  уфунат  (инфексия)  шаҳодат  медиҳад. 
«Мубориза  бо   паҳнкунандагони  уфунат  воситаи  асосии ҷилавгирии   паҳншавии   бемориҳост», — гуфт  директори Раёсати Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба  мубориза бо бемории  тропикӣ  Лоренсо.  
Созмони  умумииҷаҳонии  тандурустӣ  дар  Рӯзи  умумиҷаҳонии тандурустӣ  даъват  менамояд, ки   муборизаи  зидди  паҳнкунандагони  уфунат  ва дидани чораҳо барои  беҳдошти  дастрасӣ  ба  оби  нӯшокии  бехатар,  санитария  ва  гигиена вусъат  дода шавад. 

Апрель 8, 2014 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик