Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 08.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). – 7 апрел дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ таҷлил шуд. Соли ҷорӣ мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷилавгирии сирояти бемориҳо ба воситаи ҳашарот буд.Беш аз нисфи мардуми ҷаҳон зери хатари сирояти чунин бемориҳо аз қабили вараҷа, бемории Денге, лейшаманиоз, бемории Лайма, шистосомоз, ва табларза қарор доранд, ки ба воситаи хомушак, пашша, кана, туқумшулӯк ва ҳашароти дигар паҳн карда мешаванд.
Ҳар сол беш аз 1 миллиард нафар одамон дучори бемориҳои ба воситаи ҳашарот сироятшаванда гардида ва зиёда аз 1 миллион нафари онҳо ҳалок мегарданд. Дар ин бора аз Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тайи 20 соли охир бисёр бемориҳои зикршуда аз нав пайдо шуда ва дар минтақаҳои нави ҷаҳон паҳн гардидаанд.
Масалан, бемории Денге, ки онро хомушак паҳн мекунад, дар 100 кишвар ба қайд гирифта шудааст. Вақтҳои охир ин беморӣ дар Чин, Португалия ва иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мушоҳида шудааст.
Мувофиқи хабарҳои нав, тайи 40 соли охир бори нахуст дар Юнон бемории вараҷа ба қайд гирифта шуд, ки ин аз хавфи доимии такроран пайдо шудани уфунат (инфексия) шаҳодат медиҳад.
«Мубориза бо паҳнкунандагони уфунат воситаи асосии ҷилавгирии паҳншавии бемориҳост», — гуфт директори Раёсати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо бемории тропикӣ Лоренсо.
Созмони умумииҷаҳонии тандурустӣ дар Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ даъват менамояд, ки муборизаи зидди паҳнкунандагони уфунат ва дидани чораҳо барои беҳдошти дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, санитария ва гигиена вусъат дода шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






