Таҷлили зодрӯзи З. Шаҳидӣ ба моҳи октябр гузаронида шуд
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина Пасторова). — Масъалаи асосии кори мизи мудаввар, ки имрӯз, 23 апрел, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иборат аз таҷлили 100 – умин солгарди зодрӯзи бастакор Зиёдулло Шаҳидӣ буд.
Мунира Шаҳидӣ, фарзанди бастакори номӣ, роҳбари Бунёди Зиёдулло Шаҳидӣ, ба мушорикон пешниҳод намуд, ки дар созмонҳои таълимию байналмилалӣ курсҳои лексияҳо дар бораи ҳаёту эҷодиёти З. Шаҳидиро роҳандозӣ намоянд.
Мунира Шаҳидӣ ҳамчунин пешниҳод кард, ки ба маросими таҷлили зодрӯзи бастакори номии Тоҷикистон намояндагони фарҳангу санъати минтақаҳо даъват карда шаванд, зеро бастакор чанде вақт дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекард ва дар он ҷо ба дунё омада буд.
Хотирнишон месозем, ки тибқи барнома 100 – умин солгарди зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ бояд 14 май таҷлил мешуд. Мунира Шаҳидӣ зимни вохӯрӣ бо намояндагони аҳли ҷамъият пешниҳод намуд, ки интизори моҳи октябр нашуда, дар ин рӯзи фархунда дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Зиёдулло Шаҳидӣ маҳфил ташкил карда шавад. Шоми 14 май дар Театри опера ва балет операи З.Шаҳидӣ «Комде ва Мадан» намоиш дода мешавад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






