Таҷлили зодрӯзи З. Шаҳидӣ ба моҳи октябр гузаронида шуд

Апрель 23, 2014 15:33

Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина  Пасторова). —  Масъалаи  асосии   кори  мизи  мудаввар, ки  имрӯз,  23  апрел,  дар  шаҳри  Душанбе  баргузор гардид,  иборат  аз   таҷлили  100 – умин  солгарди  зодрӯзи  бастакор  Зиёдулло  Шаҳидӣ  буд. 
Мунира  Шаҳидӣ, фарзанди бастакори номӣ, роҳбари Бунёди  Зиёдулло  Шаҳидӣ, ба  мушорикон пешниҳод  намуд, ки  дар  созмонҳои  таълимию  байналмилалӣ  курсҳои  лексияҳо  дар  бораи  ҳаёту  эҷодиёти  З. Шаҳидиро  роҳандозӣ  намоянд. 
Мунира  Шаҳидӣ   ҳамчунин   пешниҳод  кард, ки  ба маросими таҷлили  зодрӯзи бастакори номии  Тоҷикистон  намояндагони  фарҳангу  санъати  минтақаҳо  даъват  карда  шаванд,  зеро  бастакор  чанде  вақт  дар  Ӯзбекистон  зиндагӣ  мекард ва  дар он ҷо ба  дунё омада  буд. 
Хотирнишон  месозем, ки   тибқи  барнома 100 – умин   солгарди зодрӯзи Зиёдулло  Шаҳидӣ бояд  14  май  таҷлил  мешуд. Мунира  Шаҳидӣ  зимни  вохӯрӣ  бо  намояндагони  аҳли  ҷамъият  пешниҳод  намуд, ки  интизори  моҳи  октябр  нашуда, дар  ин рӯзи  фархунда  дар  Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон  бахшида  ба  Зиёдулло  Шаҳидӣ маҳфил ташкил  карда шавад. Шоми  14  май  дар  Театри  опера  ва  балет  операи  З.Шаҳидӣ «Комде  ва  Мадан»   намоиш  дода  мешавад.

Апрель 23, 2014 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад