Тафоҳумнома барои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ

Апрель 9, 2014 15:11

Душанбе, 09.03.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ДИД) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) оид ба такмили ихтисос ва рушди маҳорати касбии хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути роҳандозии силсилаи омӯзишҳо ва симпозиумҳо 8 апрел дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз ДОМ иттилоъ доданд,  дар асоси ин тафоҳумнома, ДОМ ва ДИД дар ҳамкориҳои тарафайн дар ду соли оянда барномаҳои шаҳодатномавии ДОМ оид ба рушди иқтисод ва ҷомеаи маҳаллӣ ва таҳлили сиёсатро барои хизматчиёни давлатии тоҷик таҳия менамоянд. Ин фаъолиятҳо аз ҷониби ДИД, Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдору Донишкадаи сиёсат ва идоракунии  давлатии ДОМ амалӣ мегарданд. Ҳамаи фаъолиятҳо дар доираи ин барномаҳо дар ДИД гузаронида шуда, ДОМ ва ДИД хизмачиёни давлатиеро, ки дар мақомоти маҳаллӣ ва минтақавӣ фаъолият доранд, барои иштирок дар барномаҳо интихоб мекунанд.
Ин фаъолиятҳо бо кумаки молиявии Маркази байналмилалии тадқиқоти рушд (International Development Research Centre, IDRC), Канада ва Фонди Оғохони Канада амалӣ мегарданд.
 
 
 

Апрель 9, 2014 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад