Тафоҳумнома барои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ
Душанбе, 09.03.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ДИД) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) оид ба такмили ихтисос ва рушди маҳорати касбии хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути роҳандозии силсилаи омӯзишҳо ва симпозиумҳо 8 апрел дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз ДОМ иттилоъ доданд, дар асоси ин тафоҳумнома, ДОМ ва ДИД дар ҳамкориҳои тарафайн дар ду соли оянда барномаҳои шаҳодатномавии ДОМ оид ба рушди иқтисод ва ҷомеаи маҳаллӣ ва таҳлили сиёсатро барои хизматчиёни давлатии тоҷик таҳия менамоянд. Ин фаъолиятҳо аз ҷониби ДИД, Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдору Донишкадаи сиёсат ва идоракунии давлатии ДОМ амалӣ мегарданд. Ҳамаи фаъолиятҳо дар доираи ин барномаҳо дар ДИД гузаронида шуда, ДОМ ва ДИД хизмачиёни давлатиеро, ки дар мақомоти маҳаллӣ ва минтақавӣ фаъолият доранд, барои иштирок дар барномаҳо интихоб мекунанд.
Ин фаъолиятҳо бо кумаки молиявии Маркази байналмилалии тадқиқоти рушд (International Development Research Centre, IDRC), Канада ва Фонди Оғохони Канада амалӣ мегарданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






