Тайёрӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ
Душанбе, 09.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). – Тайёрӣ ба ҷаласаи дуюми пешорӯи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Швейтсария оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки ба нимаи дуюми соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, ҳамчунин доир намудани форуми соҳибкорону тоҷирон бо иштироки соҳибкорони ҳар ду кишвар дар ҳошияи ин чорабинӣ мавзӯъҳои асосии мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода бо узви раёсати Кумитаи иҷроияи Палатаи муттаҳидаи савдои Швейтсария ва СММ Юрий Морару қарор доштанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкории иқтисодии байни ҳар ду кишвар дар бахшҳои кишоварзӣ, нақлиёт, сохтмони роҳу нақбҳо, саноати сабук, маводи сохтмонӣ ва рушди сайёҳиро мавриди муҳокима қарор доданд. Хотирнишон месозем, ки ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Швейтсария оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ 5 – 6 марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, соли гузашта муомилоти савдои хориҷии байни ҳар ду кишвар 83 миллиону 244 ҳазору 100 доллари ИМА – ро ташкил дод.
Қисмати амволи воридотӣ аз Швейтсария ба Тоҷикистон иборат аз дорувор, моддаҳои рангкунанда, сафеда, маҳсулоти кимиёвӣ, ҳамчунин қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва ташҷҳизот аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






