Таъкиди Қ.Расулзода бар фаъолияти нокифояи корхонаҳо

Апрель 18, 2014 14:55

Душанбе, 18.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи васеи Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли равон  баргузор шуд.
   Дар ҷаласа оид ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар давоми се моҳи соли равон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҳисобот доданд.
Тавре ки таъкид гардид, дар семоҳаи аввали соли равон  нисбат ба ҳамин  давраи соли  2013   маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба андозаи 7 фоиз афзун гардида, дар маҷмӯъ, ба  7,8 млрд. сомонӣ баробар шудааст. Дар ин давра  ба андозаи 998,9 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ  истеҳсол гардида, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 5,7 млрд. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 нишондиҳандаи  нисбатан кам мебошад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  аз раванди афзун гардидани бақияи қарзи андоз, иҷро нагардидани қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ, дар аксар ташкилоту идораҳои мамлакат  пардохт нагардидани музди маоши кормандон, фаъолияти нокифояи корхонаҳои хурду бузурги саноатии мамлакат ва дигар камбудиҳои соҳаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ  карда, барои рафъи онҳо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро вазифадор кард.
Қоҳир Расулзода ҳамзамон  роҳбарони вазорату кумитаҳо, идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакатро  барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат, беҳдошти соҳаи саноати сабук ва ташкили гурўҳҳои дахлдори корӣ вобаста ба назорати фаъолнокии корхонаҳои саноатии хурду бузург, фаъолгардонии кори Шўрои назирони идораю муассисаҳои давлатӣ, таъмини самараноки татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ба роҳ мондани ҳисоби мушаххас ва воқеӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва дар маҷмўъ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар давраҳои минбаъда вазифадор намуд.
 
 
 
 
 

Апрель 18, 2014 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд