Таъкиди Қ.Расулзода бар фаъолияти нокифояи корхонаҳо
Душанбе, 18.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи васеи Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли равон баргузор шуд.
Дар ҷаласа оид ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар давоми се моҳи соли равон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҳисобот доданд.
Тавре ки таъкид гардид, дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба андозаи 7 фоиз афзун гардида, дар маҷмӯъ, ба 7,8 млрд. сомонӣ баробар шудааст. Дар ин давра ба андозаи 998,9 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 5,7 млрд. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 нишондиҳандаи нисбатан кам мебошад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз раванди афзун гардидани бақияи қарзи андоз, иҷро нагардидани қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ, дар аксар ташкилоту идораҳои мамлакат пардохт нагардидани музди маоши кормандон, фаъолияти нокифояи корхонаҳои хурду бузурги саноатии мамлакат ва дигар камбудиҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда, барои рафъи онҳо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро вазифадор кард.
Қоҳир Расулзода ҳамзамон роҳбарони вазорату кумитаҳо, идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакатро барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат, беҳдошти соҳаи саноати сабук ва ташкили гурўҳҳои дахлдори корӣ вобаста ба назорати фаъолнокии корхонаҳои саноатии хурду бузург, фаъолгардонии кори Шўрои назирони идораю муассисаҳои давлатӣ, таъмини самараноки татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ба роҳ мондани ҳисоби мушаххас ва воқеӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва дар маҷмўъ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар давраҳои минбаъда вазифадор намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






