Такмили донишҳои ҳуқуқии омӯзгорону хонандагон
Хоруғ, 26.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Донишкадаи такмили маълумоти касбии омӯзгорони вилоят бо кумаки молии Созмони давлатҳои Аврупо дар шаҳри Хоруғ давраи омӯзишӣ барои намояндагони ассотсиатсияи волидону омӯзгорон ва хонандагони макотибро баргузор карданд.
Ба омӯзиш роҳбарони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, омӯзгорон, кормандони масъули раёсати маориф низ даъват шуданд. Ташкил ва таҳкими фаъолияти Шӯрои худидоракунии хонандагон аз мавзӯъҳои аслии ин семинар ба шумор рафт. Мақсади ниҳоии омӯзиш ин боз ҳам боло бурдани сатҳи донишҳои педагогӣ ва ҳуқуқии шӯроҳои худидоракунии муассисаҳои таълимӣ мебошад. Кори семинар дар асоси асноди меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф , ки муҳимтарини он «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2006-2015» мебошад, ба роҳ гузошта шуд. Иштирокдорони семинар перомуни масъалаҳои мафҳум, мақсад, вазифа ва заминаҳои тарбияи миллӣ, унсурҳои таркибӣ ва мазмуни тарбияи миллӣ мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






