Талабот ба қарз қонеъ мегардад

Апрель 3, 2014 09:39

   Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар дар моҳи феврали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,7 фоиз зиёд гардида, 7’876,5 млн. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, 3’200,6 миллион  сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 4’675,9 миллион сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд. 
     Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳи феврал бо пули миллӣ 26,58 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,47 фоизи солонаро ташкил намуд. 
     Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ афзун гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,9 фоиз зиёд шуд. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 178,4 миллион сомонӣ қарзи хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,8 фоиз зиёд мебошад. 
 
 
 

Апрель 3, 2014 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе