Талабот ба қарз қонеъ мегардад
Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар дар моҳи феврали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,7 фоиз зиёд гардида, 7’876,5 млн. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, 3’200,6 миллион сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 4’675,9 миллион сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд.
Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳи феврал бо пули миллӣ 26,58 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,47 фоизи солонаро ташкил намуд.
Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ афзун гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,9 фоиз зиёд шуд. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 178,4 миллион сомонӣ қарзи хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,8 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






