Талафоти ҷонӣ аз боришоти зиёд
Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз боришоти зиёди рӯзи 25 апрел дар ҷамоати деҳаи Работи ноҳияи Турсунзода соатҳои 16-20 аз омадани сел 2 нафар ҳалок гардид.
Ҳамзамон дар ноҳияи Ҳисор дар ҷамоати деҳаи Навобод сатҳи канали обтаъминкунии ин ҷамоат баланд гардида, кӯчаю манзилҳои истиқоматии мардум аз обу лой пур гардид. Хушбахтона, дар натиҷаи ин обхезӣ ба ягон манзили истиқоматӣ зарар нарасидааст.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари боришоти зиёди рӯзи 25 апрел 3 нафар истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия ҳалок гардид.
Боришот аз ҷумла, ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон зарари худро расонид. Дар натиҷаи баланд гардидани оби дарёи Ёвонсу пули мошингарди назди бозори «Меҳргон», ки соли 2013 вайрон гашта, дар айни ҳол таъмир мешуд, дубора вайрон гашта, ҳамаи масолеҳи барои сохтмон овардаро об шуста бурдааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






