Талафоти ҷонӣ бар асари борони пуршиддат

Апрель 14, 2014 09:11

 Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод қисми теппа лағжида, деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд ва аз рӯи маълумотҳои пешакӣ талафоти  ҷонӣ низ ҷой дорад.
Бар асари ҳодисаи мазкур хоҷагии қишлоқ зарар дида, талафоти ҳайвоноти шохдори хонагӣ низ ба амал омадааст.
Инчунин хоҷагии кишоварзӣ дар деҳаҳои Панҷосиёб, Ғарабдара ва Лойлуқаи ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб низ аз боришоти сел зарар дид.
Бо супоришу дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон дар ҳайати вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ таъсис дода шуда, гурӯҳи мазкур аз тариқи чархбол барои сари вақт чораҷӯӣ намудан ва ба зарардидигон кӯмак расонидан ба ҷойҳои ҳодиса сафар намуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон  ба оилаҳои зарардида 60 хайма, 30 тонна сӯзишворӣ ва барои 3 хонаводаи зарардида маводи хӯрокӣ фиристод.
 
 

Апрель 14, 2014 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!