Талош барои низоми ягонаи барқӣ

Апрель 2, 2014 12:06

Хоруғ, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» тарҳи наверо  рӯи даст гирифтааст, ки бар асоси он  шабакаи  барқи ноҳияи Ишкошим  ба  шабакаи ягонаи барқи вилоят  пайваст шуда, неругоҳи мазкур бо таҷҳизоти нав таъмин мегардад. 
       Дар  ҳоли ҳозир  манбаи асосии таъмини   муштариёни   қаламрави ноҳияи Ишкошим  бо неруи  барқ  аз ҳисоби  фаъолияти неругоҳи барқи обии «Помир-1»  ва  неругоҳи «Хоруғ» ба роҳ монда шудааст.
Ба ин далел  тибқи тасмими  ширкати барқии «Помирэнерҷӣ»   қарор аст, ки дар охири семоҳаи дуюми соли 2014-ум   неругоҳи  барқии «Наматгут» ба  шабакаи ягонаи барқии «Помирэнерҷӣ»  пайваст хоҳад шуд. 
Дар айни ҳол  барои таъмиру навсозии  неругоҳи «Наматгут»  таҷҳизоти  муосири  техникӣ аз  Ҷумҳурии мардумии Чин  ворид шудааст.  Дар пайи  тавофуқоти ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» ва ширкати «Худро-Ту»-и  Чин  тасмим гирифта шуд, ки   ин таҷҳизот  аз сӯи мутахассисони чинӣ  насб хоҳад шуд ва  неругоҳи «Наматгут»-и ноҳияи Ишкошим ба шабакаи ягонаи барқи вилоят  пайваст мешавад. Бо пайваст шудани ин неругоҳ  ба шабакаи ягона  мушкилоти  таъмини барқ дар водии Вахон низ  аз миён бардошта хоҳад шуд. 
 
 

Апрель 2, 2014 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад