Талош барои низоми ягонаи барқӣ
Хоруғ, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» тарҳи наверо рӯи даст гирифтааст, ки бар асоси он шабакаи барқи ноҳияи Ишкошим ба шабакаи ягонаи барқи вилоят пайваст шуда, неругоҳи мазкур бо таҷҳизоти нав таъмин мегардад.
Дар ҳоли ҳозир манбаи асосии таъмини муштариёни қаламрави ноҳияи Ишкошим бо неруи барқ аз ҳисоби фаъолияти неругоҳи барқи обии «Помир-1» ва неругоҳи «Хоруғ» ба роҳ монда шудааст.
Ба ин далел тибқи тасмими ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» қарор аст, ки дар охири семоҳаи дуюми соли 2014-ум неругоҳи барқии «Наматгут» ба шабакаи ягонаи барқии «Помирэнерҷӣ» пайваст хоҳад шуд.
Дар айни ҳол барои таъмиру навсозии неругоҳи «Наматгут» таҷҳизоти муосири техникӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид шудааст. Дар пайи тавофуқоти ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» ва ширкати «Худро-Ту»-и Чин тасмим гирифта шуд, ки ин таҷҳизот аз сӯи мутахассисони чинӣ насб хоҳад шуд ва неругоҳи «Наматгут»-и ноҳияи Ишкошим ба шабакаи ягонаи барқи вилоят пайваст мешавад. Бо пайваст шудани ин неругоҳ ба шабакаи ягона мушкилоти таъмини барқ дар водии Вахон низ аз миён бардошта хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






