Таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти узвияти кишвар дар Созмони умумиҷаҳонии савдо» мизи гирд доир гардид. Дар нишаст оид ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, ҷанбаҳои соҳавии таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба захираҳо дар чаҳорчӯбаи таъмини амнияти озуқаворӣ сухан рафт.
Иштирокчиёни мизи гирд ҳамчунин дар мавзӯъҳои «Натиҷагирии яксолаи узвияти Тоҷикистон ба СУС ва пешомадҳои шомилшавӣ», «Фаъолияти Вазорати кишоварзӣ дар самти таъмини озуқаворӣ ва ҳамкорӣ бо СУС», «Ояндабинии амнияти озуқаворӣ дар чаҳорчӯбаи узвияти ҶТ дар СУС», «Баҳогузорӣ ба амнияти озуқаворӣ», «Самтгирии стратегии рушди истеҳсоли кишоварзӣ» ва ғайра ибрози ақида карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






