Танзими нашри адабиёти таълимӣ

Апрель 14, 2014 11:48

           Душанбе, 14.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар ҷаласаи  Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз  таҳти раёсати  Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ  баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» баррасӣ гардид.
 Лутфулло Саидмуродов -раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҳадафи асосии таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур  танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати таҳия, ташхис, нашр ва таъмину дастрасии адабиёти таълимӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. 
        Аъзои Шӯро инчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»,  „Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»,  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон,  ҳамзамон Протоколи факултативии Созишнома дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон матраҳ гардид.

Апрель 14, 2014 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик