Танзими нашри адабиёти таълимӣ
Душанбе, 14.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» баррасӣ гардид.
Лутфулло Саидмуродов -раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҳадафи асосии таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати таҳия, ташхис, нашр ва таъмину дастрасии адабиёти таълимӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Аъзои Шӯро инчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», „Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамзамон Протоколи факултативии Созишнома дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон матраҳ гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






