Таппончаи дарёфтгардида коршоям аст
Душанбе, 07.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар рӯзҳои истироҳат кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ таппонча дарёфт намуданд.
Зимни бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони раёсати агентӣ дар вилояти Бадахшон дар қишлоқи Ниводак, воқеъ дар назди маркази вилоят — шаҳри Хоруғ таппончаи тамғаи STARSA\CAL қутраш 6,35 мм бе тирҳои ҷангӣ дарёфт намуданд.
Тавре ки ташхиси экспертӣ нишон дод, таппонча ба гуруҳи яроқи рахпеч мансуб буда, барои истифода коршоям мебошад.
Аз рӯи ин ҳодиса барои муайян намудани соҳиби яроқ тафтиш ҷараён дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






