Ташхиси ройгони тиббии занони соҳибкор

Апрель 5, 2014 10:27

Хоруғ, 5.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо ташаббуси Маркази саратоншиносӣ, Маркази ташакулли ҳаёти солим ва бо дастгирии Хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон дар бозори 20- солагии истиқлолияти давлатии шаҳри Хоруғи ВМКБ маъракаи ташхиси занони қобили таваллуд баргузор гардид.
          Маъракаи мазкур дар чаҳорчӯби «Барномаи миллии пешгирӣ аз бемории саратон» дар асоси қарори ҳукумати кишвар рохандозӣ шудааст. Қабл аз ташхис мутахассисони соҳаи тиб бо соҳибкорон суҳбат  намуда, онҳоро аз нишонаҳои аввалини ин бемории хатарзо огоҳ намуданд. Ба гуфтаи роҳбари Маркази саратоншиносии вилоят  Ҷамила Худоёрова бештари заноне, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, ба иллати серкорӣ ба саломатии худ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Дар ҳоле,  ки ҳар яки онҳо, бахусус занони синнашон аз 35 боло бояд соле ду маротиба мавриди ташхис қарор гиранд. Дар ҳамин ҳол иддае аз занони соҳибкор  ба иллати банд будан ба тиҷорат аз муоинаи тиббии ройгон сарпечӣ карданд. 
      Ҷамила Худоёрова бо ишора ба дастгоҳи ташхисотӣ гуфт, ки ба хотири сари вақт кашф ва ба табобат фаро гирифтани занони қобили таваллуд ин таҷҳизоти гаронарзиш  дастрас карда шуд. То охири рӯз наздики 50 нафар зан мавриди муоина қарор гирифт.

Апрель 5, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе