Ташхиси ройгони тиббии занони соҳибкор
Хоруғ, 5.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо ташаббуси Маркази саратоншиносӣ, Маркази ташакулли ҳаёти солим ва бо дастгирии Хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон дар бозори 20- солагии истиқлолияти давлатии шаҳри Хоруғи ВМКБ маъракаи ташхиси занони қобили таваллуд баргузор гардид.
Маъракаи мазкур дар чаҳорчӯби «Барномаи миллии пешгирӣ аз бемории саратон» дар асоси қарори ҳукумати кишвар рохандозӣ шудааст. Қабл аз ташхис мутахассисони соҳаи тиб бо соҳибкорон суҳбат намуда, онҳоро аз нишонаҳои аввалини ин бемории хатарзо огоҳ намуданд. Ба гуфтаи роҳбари Маркази саратоншиносии вилоят Ҷамила Худоёрова бештари заноне, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, ба иллати серкорӣ ба саломатии худ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Дар ҳоле, ки ҳар яки онҳо, бахусус занони синнашон аз 35 боло бояд соле ду маротиба мавриди ташхис қарор гиранд. Дар ҳамин ҳол иддае аз занони соҳибкор ба иллати банд будан ба тиҷорат аз муоинаи тиббии ройгон сарпечӣ карданд.
Ҷамила Худоёрова бо ишора ба дастгоҳи ташхисотӣ гуфт, ки ба хотири сари вақт кашф ва ба табобат фаро гирифтани занони қобили таваллуд ин таҷҳизоти гаронарзиш дастрас карда шуд. То охири рӯз наздики 50 нафар зан мавриди муоина қарор гирифт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






