Ташкили гурӯҳҳои ташаббускори занон

Апрель 26, 2014 11:15

Кӯлоб, 26.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон  раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Махфират Хидирова   дар шаҳри Кӯлоб бо доираи васеи занону бонувони фаъол  мулоқот намуда, оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, раванди ба вазифаҳои  роҳбарӣ таъйин намудани занони болаёқат, сохибтахассус ва таҷрибадор, дастовардҳои занону духтарони соҳибкор, эҳёи ҳунарҳои миллӣ сухан гуфта, саҳми зани тоҷикро дар раванди дигаргунсозии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бориз арзёбӣ намуд.  
Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба ҷой доштани зуҳуроти гуногуни номатлуб дар байни занону духтарон, аз қабили худсӯзию худкушӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгаро, содир намудани чиноятҳои дуздӣ, нашъамандию гирифторӣ ба бемориҳои гуногуни сироятӣ андешарониҳо сурат гирифтанд. 
  Зикр шуд, ки барои дар оянда таҳким бахшидан ба фаъолияти  бахшҳои кор бо занон ва оила  зарур аст, ки аз ҷониби фаъолзанон гурӯҳҳои ташаббускор ташкил шаванд. 
 

Апрель 26, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик