Ташкили гурӯҳҳои ташаббускори занон
Кӯлоб, 26.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Махфират Хидирова дар шаҳри Кӯлоб бо доираи васеи занону бонувони фаъол мулоқот намуда, оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, раванди ба вазифаҳои роҳбарӣ таъйин намудани занони болаёқат, сохибтахассус ва таҷрибадор, дастовардҳои занону духтарони соҳибкор, эҳёи ҳунарҳои миллӣ сухан гуфта, саҳми зани тоҷикро дар раванди дигаргунсозии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бориз арзёбӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба ҷой доштани зуҳуроти гуногуни номатлуб дар байни занону духтарон, аз қабили худсӯзию худкушӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгаро, содир намудани чиноятҳои дуздӣ, нашъамандию гирифторӣ ба бемориҳои гуногуни сироятӣ андешарониҳо сурат гирифтанд.
Зикр шуд, ки барои дар оянда таҳким бахшидан ба фаъолияти бахшҳои кор бо занон ва оила зарур аст, ки аз ҷониби фаъолзанон гурӯҳҳои ташаббускор ташкил шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






