TASPO- озмуни илмию ихтироъкорӣ
Душанбе, 05.04.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар Литсей-интернати тоҷикӣ-туркии шаҳри Душанбе озмуни илмию ихтироъкории TASPO доир гардид. Олимпиадаи мазкур аз чор бахш: илмӣ, иҷтимоӣ, технологияи информатсионӣ ва ихтироотӣ иборат буда, дар он 126 хонанда ва 53 муаллим бо 63 лоиҳа иштирок намуд. Муаррифии лоиҳаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ сурат гирифт. Ғолибони ин олимпиада метавонанд дар олимпиадаҳои лоиҳавии байналмилалӣ, ки дар мамлакатҳои гуногун баргузор мегарданд, иштирок намоянд.
Мавриди зикр аст, ки мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ соли панҷум аст, ки бо мақсади такомули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор намудани шавқу рағбати онҳо дар навиштани маърӯзаҳои илмӣ, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, зинаҳои аввали ихтироъкорӣ, ёфтани роҳи ҳалли масъалаҳои ғайриоддӣ, татбиқи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илм дар пешбурди тараққиёти соҳаҳои саноат,энергетика, кишоварзӣ, экологӣ озмуни илмӣ ихтироъкории TASPO ро ташкил менамояд.
Ёдовар мешавем,ки ғолибони Олимпиадаи TASPO-2013 дар олимпиадаҳои гуногуни лоиҳавии байналмилалӣ иштирок намуда, 64 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст овардаанд. Инчунин хонандагони литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ва мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои фаннию лоиҳавии байналмилалӣ иштирок намуда, 89 медали тилло, 130 медали нуқра ва 267 медали биринҷӣ соҳиб шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






