Таваррум каме афзуд
Душанбе, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Таваррум яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ ба шумор рафта, дар семоҳаи аввали соли равон каме афзуд. Бино ба маълумоти расмӣ, сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 2,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Вале таҳлили тағйирёбии ин нишондиҳанда нишон дод, ки дар 12 моҳи охир таваррум 4,8 фоизро ташкил намуда, он дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 банди фоизӣ кам мебошад.
Тавре ки хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, нишондиҳандаи дигар — меъёри бозтамвил аз 10 январи соли равон баъди бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 0,7 банди фоизӣ паст шудан 4,8 фоизи солонаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






