Телефонҳои боварии «Амонатбонк» фаъоланд
Душанбе, 07.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» барои дастрасии бештари мардум ба хизматрасониҳои бонкӣ ва ҳалли мушкилоти пешомада телефонҳои боварии бонкро фаъол намудааст, ки корафтодагон ҳамарӯза метавонанд фикру андешаҳои худро аз тариқи телефонҳои боварии 227 33 11 ва 221 70 81 иброз намуда, ба саволҳои худ посух гиранд.
Тавре ки дар ин бора аз БДАТ «Амонатбонк» хабар доданд, қабл аз ин роҳбариятит бонки мазкур барои бартараф намудани камбудиҳо ва наздикӣ бо мардум доир ба масъалаҳои гуногун дар бинои асосӣ ва филиалҳои бонк қуттиҳои арзу шикояти шаҳрвандонро насб кард, ки шаҳрвандон метавонанд аз тариқи мактуб ба ин қуттиҳо фикру андеша ва пешниҳодоташонро ба роҳбарияти бонк ирсол намоянд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шаҳрвандон метавонанд аз почтаи электронии бонк (info@amonatbonk.tj) истифода намуда, онҳо имкони мактубҳои шикоятиву пешниҳодоти худро ба ин тарз низ дастраси роҳбарият кунанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






