“Тоҷикистон”- беҳтарин меҳмонхона

Апрель 19, 2014 13:01

Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Меҳмонхонаи “Тоҷикистон”дар доираи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин 
тарабхона, меҳмонхона ва ошхона дар соли 2013», ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе эълон  гардид, ҳамчун беҳтарин меҳмонхонаи сол пазируфта шуд. Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ барои беҳтарин дастовардҳо дар соҳаи хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна дар пойтахт, таҳкими муносибатҳои судманд бо бахшҳои хусусӣ ва муҳайё намудани шароити созгор барои ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ гузаронида шуд.
     Ҳамзамон тарабхонаи “Шом-7” беҳтарин тарбхона ва ошхонаи “Дидор-2013” беҳтарин ошхонаи пойтахт дониста шуд. Ғолибони озмун бо Ифтихорнома ва мукофотҳои таъсисдодаи шаҳрдории Душанбе дар Рӯзи пойтахт сарфароз гардиданд.

Апрель 19, 2014 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе