“Тоҷикистон”- беҳтарин меҳмонхона
Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Меҳмонхонаи “Тоҷикистон”дар доираи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин
тарабхона, меҳмонхона ва ошхона дар соли 2013», ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе эълон гардид, ҳамчун беҳтарин меҳмонхонаи сол пазируфта шуд. Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ барои беҳтарин дастовардҳо дар соҳаи хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна дар пойтахт, таҳкими муносибатҳои судманд бо бахшҳои хусусӣ ва муҳайё намудани шароити созгор барои ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон тарабхонаи “Шом-7” беҳтарин тарбхона ва ошхонаи “Дидор-2013” беҳтарин ошхонаи пойтахт дониста шуд. Ғолибони озмун бо Ифтихорнома ва мукофотҳои таъсисдодаи шаҳрдории Душанбе дар Рӯзи пойтахт сарфароз гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






