Тоҷикистон бо 20 медал дар мақоми аввал!

Апрель 28, 2014 16:39

Хуҷанд, 28.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ анҷом ёфт. Он бо ташаббуси Федератсияи Осиё оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. 
 Дар мусобиқаи мазкур, ки дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд  26-27 апрел баргузор гардид, зиёда аз 200 нафар варзишгар аз кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат намуд.
Дар мусобиқоти мазкур, ки дар он варзишгарони аз 15 то 17- сола аз рӯи вазнҳои аз 45 то 90 кг қувва озмуданд, дастаи Тоҷикистонро 22 варзишгар муаррифӣ намуд. 
Дар ҷамъбаст бо ба даст овардани 20 медал — 4 тилло, 8 нуқрагин ва 8 биринҷӣ  варзишгарони тоҷик ба мақоми аввал соҳиб шуданд. Ҷойҳои дувум ва севум насиби намояндагони дастаи Қазоқистон ва Қирғизистон гардиданд.  
 

Апрель 28, 2014 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик