Тоҷикистон бо 20 медал дар мақоми аввал!
Хуҷанд, 28.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ анҷом ёфт. Он бо ташаббуси Федератсияи Осиё оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи мазкур, ки дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд 26-27 апрел баргузор гардид, зиёда аз 200 нафар варзишгар аз кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат намуд.
Дар мусобиқоти мазкур, ки дар он варзишгарони аз 15 то 17- сола аз рӯи вазнҳои аз 45 то 90 кг қувва озмуданд, дастаи Тоҷикистонро 22 варзишгар муаррифӣ намуд.
Дар ҷамъбаст бо ба даст овардани 20 медал — 4 тилло, 8 нуқрагин ва 8 биринҷӣ варзишгарони тоҷик ба мақоми аввал соҳиб шуданд. Ҷойҳои дувум ва севум насиби намояндагони дастаи Қазоқистон ва Қирғизистон гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






