Тоҷикистон-Туркманистон: муносиботи фарҳангӣ-маҳаки густариши равобит

Апрель 29, 2014 16:31

 
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-таҷрибавӣ таҳти унвони «Махдумқулии Фироқӣ ва арзиши фарҳанги умумибашарӣ» бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Туркманистон дар Душанбе, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторӣ, Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Туркманистон» ва Шуъбаи тоҷикистонии Ассотсиатсияи гуманитарии туркманҳои ҷаҳон баргузор гардид. 
Дар  чорабинӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Орумбек Шамсиддинов доир ба мақоми Махдумқулӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ, бахусус дар адабиёти тоҷик маърӯза намуда, зикр кард, ки Махдумқулӣ дар радифи адибони классикии тоҷику форс, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигарон қарор дошта, таҳсилкардаи мадрасаи маркази тамаддуни фарҳанги тоҷикон- Бухоро буда, забони форсиро хуб медонист. Аз ин рӯ, мақоми ӯ дар адабиёти тоҷик сазовори эҳтиром аст. 
Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Ишанкулӣ Аманлиев нақши Махдумқулиро дар рушди адабиёти ҷаҳонӣ назаррас арзёбӣ карда, афзуд, ки саҳми Махдумқулӣ дар адабиёти мардуми Шарқ хеле калон аст. Поягузори адабиёти туркман аз намояндагони маъруфи давр ба шумор рафта, бо ду забон- модарӣ ва форсӣ дар васфи ватандӯстӣ ва муҳаббат ба халқи худ шеърҳо эҷод намудааст.
Бояд гуфт, ки Махдумқулӣ дар ашъораш баёнгари умед ва орзуҳои мардум буда, ба таззодҳои иҷтимоӣ бо андешаҳои худ посух гуфтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Туркманистон ҳар сол 18 май ҳамчун рӯзи эҳё, ягонагӣ ва шеъри Махдумқулӣ таҷлил гардида, онро мардуми ин сарзамин ҳамчун рӯзи иди давлатӣ ҷашн мегиранд. Ташкили чорабинӣ ба ифтихори гиромидошти Махдумқулӣ дар Тоҷикистон аз дӯстии қавии ду кишвари бародар — Туркманистон ва Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Давлат Куллаков, раиси раёсати Ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон, узви Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Туркманистон», роҳбари  Шуъбаи тоҷикистонии Ассотсиатсияи гуманитарии туркманҳои ҷаҳон дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки туркманҳои Тоҷикистон дар баробари тамоми туркманҳои Туркманистон ва ҷаҳон тамоми ҷашнҳои милливу давлатии Туркманистон, инчунин ҷашнҳои миллию давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Таҷлили чорабинии имрӯза, ки ба асосгузори адабиёти туркманҳо Махдумқулӣ бахшида шудааст, аз ҷумлаи чунин чорабиниҳост. 
Д. Куллаков афзуд, ки ҳамасола бо ташаббус ва дастгирии Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Туркманистон» дар қаламрави Тоҷикистон як силсила чорабиниҳо, бахусус чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд. 
«Дар радифи дастгирӣ аз иқдомҳои Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар самти солимгардонии ҷомеа тайи ду сол аст, ки бо ташаббуси Ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон ва Шуъбаи тоҷикистонии Ассотсиатсияи гуманитарии туркманҳои ҷаҳон дар қаламрави Тоҷикистон чорабиниҳои мухталифи варзишӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, даҳаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ мусобиқаҳои варзишии риштаи футбол, волейбол, дав, шоҳмот ва ғайра байни ҷавонону наврасон гузаронида шуд», — илова намуд Д. Куллаков.
Ӯ гуфт, ки албатта ин мусобиқаҳо на танҳо байни туркманҳои Тоҷикистон гузаронида мешаванд, балки фарогири тамоми ақаллиятҳоеанд, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Чунки ҳадафи аслии  баргузории ин чорабиниҳо аз як ҷониб дастгирии иқдомоти Президенти Туркманистон дар самти солимии ҷомеа бошад, аз тарафи дигар мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстии байни тоҷикону туркманҳо аст. 
«Бисёр чорабиниҳо бо назардошти будубоши бештари туркманҳои Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷиликӯл ва Қубодиён дар ин ноҳияҳо гузаронида мешаванд. Мусобиқаҳои варзишие, ки миёни мактаббачаҳои ноҳияи Ҷиликӯл гузаронида шуданд, аз ҷониби ҳукумати ноҳия дар сатҳи бисёр олӣ дастгирӣ ва ташкил гардид. Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби мо туҳфаҳои арзишманд ва молиявӣ супорида шуданд. Бояд тазаккур дод, ки тамоми иқдомоти мо, ки бевосита ба таҳкиму густариши равобити дӯстии тоҷикону туркманҳо равона шудааст, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва тамоми мақомоти он ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Чун ки муносиботи дӯстонаи давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмиву ҳусни ҳамсоягӣ сурат гирифта, шаҳодати ин гуфтаҳоянд», — муътақид аст раиси Ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон. 
«Мо тамоми чорабиниҳои милливу давлатии Тоҷикистону Туркманистонро фаъолона таҷлил менамоем. Аз ҷумла, рӯзҳои истиқлолият, парчам, идҳои рамазон, қурбон, наврӯз ва амсоли инҳоро, ки умумияти муштараки мазҳабӣ низ доранд, зеро бисёре аз анъанаву маросимҳои миллии тоҷикону туркманҳо хусусияти таърихии бо ҳам монанд доранд», — зикр намуд Давлат Куллаков. 
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун ва таҷлили ҷашнҳои мардумии туркманҳо дар Тоҷикистон ҳамеша пурмазмун, бо ширкати фаъолонаи сокинони дигар халқу миллатҳои кишвар баргузор мегарданд. 
Д. Куллаков ба сатҳи кунунии ҳамкориҳои ду давлат, бахусус равобити илмию фарҳангӣ баҳои баланд дода, гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон 2 доктор ва 7 номзади илм, инчунин якчанд аспиранти туркмантабор фаъолият мекунад.  
Бояд гуфт, ки алҳол дар Тоҷикистон 25 000 туркман кору зиндагӣ мекунад, ки бештари онҳо дар ноҳияҳои Ҷиликӯл ва Қубодиён сукунат доранд. Онҳо дар радифи дигар ақаллиятҳои миллӣ дар пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон саҳм доранд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки муносибатҳои   Тоҷикистону   Туркманистон  дар руҳияи эътимоди мутақобил ва  муносибатҳои  некхоҳона нисбат ба ҳамдигар густариш меёбанд. Сафари қарибулвуқӯи Президенти Туркманистон дар даҳаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост, ки дар ҷараёни он имзои якчанд санади муҳими ҳамкории байнидавлатӣ дар назар аст, ки бевосита ҷиҳати рушду тавсеаи муносибати минбаъдаи ин ду давлати дӯсти ҳамсоя ва наздикшавии робитаҳои фарҳангиву анъанавии тоҷикону туркманҳо мусоидат менамоянд.  

 
 
 
 

Апрель 29, 2014 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Коршиносони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар конфронси байналмилалӣ доир ба рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон гӯшаи фарҳанги миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад