Тоҷикистон ягона кишвари ОМ, ки дар ПБК гурӯҳ дорад
Душанбе, 11.04.2014.(АМИТ «Ховар, Марзия Саидзода). -«Солҳои охир дар муносиботи Душанбе ва Лондон ҷаҳиши ҷиддие ба назар мерасад»,- гуфт дар ҷараёни мулоқоташ Олимҷон Салимзода -раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба робитаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо Ричард Вуд -муовини Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Олимҷон Салимзода изҳор дошт, ки миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Парлумони Британияи Кабир гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият мекунанд, ки барои тавсеаи равобити байнипарлумонӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
О. Салимзода сатҳи равобити ҳасанаи ду кишварро қаноатбахш арзёбӣ намуда, гуфт, ки ҳарду ҷониб бояд барои тавсеаи ҳамкориҳои тарафайн ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ саъй намоянд.
Раиси кумитаи Парлумони Тоҷикистон таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Британия метавонад омили муҳим ҷиҳати таҳкими равобити Душанбе ва Лондон дар соҳаҳои мухталиф гардад. Зикр гардид, ки алҳол миёни ду кишвар имконоти истифоданашуда хеле зиёданд.
Ричард Вуд рушди равобити байнипарлумонии ду кишварро мусбат маънидод карда, гуфт, ки Тоҷикистон, алҳол ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар Парлумони Британияи Кабир соҳиби гурӯҳи парлумонист. Аз ин рӯ, нисбат ба Тоҷикистон, ҳамчун намояндаи ягонаи минтақа дар Парлумони Британия таваҷҷуҳ бештар аст. Дипломати бритонӣ таъкид кард, ки бинобар сабабҳои набудани гурӯҳҳои парлумонии дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Парлумони Британияи Кабир чониби Точикистон метавонад аз маблағҳои барои минтақа аз сӯи ниҳоди марбутаи Парлумони Британияи Кабир ҷудошуда пурра истифода намояд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






