Тоҷикистон ягона кишвари ОМ, ки дар ПБК гурӯҳ дорад

Апрель 11, 2014 11:03

 Душанбе, 11.04.2014.(АМИТ «Ховар, Марзия Саидзода).  -«Солҳои охир дар муносиботи Душанбе ва Лондон ҷаҳиши ҷиддие ба назар мерасад»,- гуфт дар ҷараёни мулоқоташ Олимҷон Салимзода -раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба робитаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо Ричард Вуд -муовини Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
        Олимҷон Салимзода изҳор дошт, ки миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Парлумони Британияи Кабир гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият мекунанд, ки барои тавсеаи равобити  байнипарлумонӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. 
        О. Салимзода  сатҳи равобити ҳасанаи ду кишварро қаноатбахш арзёбӣ намуда, гуфт, ки ҳарду ҷониб бояд барои тавсеаи ҳамкориҳои  тарафайн ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ  саъй намоянд.
     Раиси кумитаи Парлумони Тоҷикистон таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Британия метавонад омили муҳим ҷиҳати таҳкими равобити Душанбе ва Лондон дар соҳаҳои мухталиф гардад.  Зикр гардид, ки алҳол миёни ду кишвар имконоти истифоданашуда хеле зиёданд. 
        Ричард Вуд рушди равобити байнипарлумонии ду кишварро мусбат маънидод карда, гуфт, ки Тоҷикистон, алҳол ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар Парлумони Британияи Кабир соҳиби гурӯҳи парлумонист. Аз ин рӯ, нисбат ба Тоҷикистон, ҳамчун намояндаи ягонаи минтақа дар Парлумони Британия таваҷҷуҳ бештар аст.  Дипломати бритонӣ таъкид кард, ки  бинобар сабабҳои набудани гурӯҳҳои парлумонии  дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Парлумони Британияи Кабир чониби Точикистон метавонад  аз маблағҳои барои минтақа аз сӯи ниҳоди марбутаи Парлумони Британияи Кабир ҷудошуда пурра истифода намояд.

Апрель 11, 2014 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд