Туҳфаи донишҷӯён ба тарбиятгирандагони «Нур»

Апрель 10, 2014 15:49

Хоруғ, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба меҳмонии тарбиятгирандагони маркази «Нур» рафта, барои онҳо барномаи шавқовари фароғатию маърифатӣ баргузор карданд.  Дар ин марказ 15 нафар кӯдаки имконияташ маҳдуд таълиму табобат мегирад. Ба гуфтаи масъулини марказ ҳафтае як ё ду маротиба идораву муассисаҳои шаҳрӣ ва ё афроди алоҳида бо дастовез ба аёдати кӯдакон меоянд. Чунин меҳрубонию ғамхорӣ ба ҷараёни табобат ва таълим кумаки беандоза мерасонад. Кӯдакон баъд аз ин маҳфилхо худро узви фаъоли ҷомеа эҳсос мекунанд. Декани факултаи иқтисоди ДДХ Марзия Шоҳидарвозова ҳамроҳ бо донишҷӯёни факултаи менеҷмент ва маркетинг баъди мубодилаи афкор перомуни мавзӯъҳои мухталиф мусобиқа аз намуди тӯбпартоӣ ва ресмонкашӣ доир намуданд. Донишҷӯён ба кулли иштирокдорони ин сабқат туҳфаҳо тақдим намуда, дар поён базми шеъру тарона баргузор карданд.

Апрель 10, 2014 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик