Туҳфаи донишҷӯён ба тарбиятгирандагони «Нур»
Хоруғ, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба меҳмонии тарбиятгирандагони маркази «Нур» рафта, барои онҳо барномаи шавқовари фароғатию маърифатӣ баргузор карданд. Дар ин марказ 15 нафар кӯдаки имконияташ маҳдуд таълиму табобат мегирад. Ба гуфтаи масъулини марказ ҳафтае як ё ду маротиба идораву муассисаҳои шаҳрӣ ва ё афроди алоҳида бо дастовез ба аёдати кӯдакон меоянд. Чунин меҳрубонию ғамхорӣ ба ҷараёни табобат ва таълим кумаки беандоза мерасонад. Кӯдакон баъд аз ин маҳфилхо худро узви фаъоли ҷомеа эҳсос мекунанд. Декани факултаи иқтисоди ДДХ Марзия Шоҳидарвозова ҳамроҳ бо донишҷӯёни факултаи менеҷмент ва маркетинг баъди мубодилаи афкор перомуни мавзӯъҳои мухталиф мусобиқа аз намуди тӯбпартоӣ ва ресмонкашӣ доир намуданд. Донишҷӯён ба кулли иштирокдорони ин сабқат туҳфаҳо тақдим намуда, дар поён базми шеъру тарона баргузор карданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






