Туман «Муаллими сол» шуд

Апрель 7, 2014 09:18

Хоруғ, 7.04.2014. (АМИТ»Ховар», Файз Мирасан).- Озмуни «Муаллими сол»  дар ВМКБ баъди  фаъолияти серӯза ба кори худ  анҷом дод.  Бар асоси  натиҷаи ҷамъбасти ҳайати ҳакамон  омӯзгори фанни математикаи  мактаби  таҳсилоти миёнаи  умумии  мактаби рақами  5-уми шаҳри Хоруғ  Туман Амирбекова  ғолиб дониста шуд. 
Дар  озмуни шаҳрӣ 5 нафар  омӯзгори макотиби рақами 2,4,5,6  ва мактаби президентӣ  ширкат варзида, аз рӯи 5 шарт-  муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ, соати тарбиявӣ, ҷавоби дуруст ба  10 савол ва  кор бо компютер    байни ҳам рақобат карданд. 
Туман Амирбекова  ғолиби озмун дониста шуда,  аз тарафи шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ бо 300 сомонӣ ва ифтихорномаи шуъбаи маориф  қадрдонӣ  гардид. Дигар иштирокчиёни озмун низ бо Ифтихорномаи шуъбаи маориф  ва  маблағи  Кумитаи  иттифоқи касабаи  коркунони маориф ва илм  сарфароз гардиданд. 
Озмун аз 1-ум то чоруми апрел идома карда,  қарор аст, ки ғолиби  ин давр дар озмуни вилоятӣ, ки дар нимаи дуввуми моҳи апрел  баргузор хоҳад шуд, ширкат варзад. 
Хотирнишон бояд кард, озмуни  «Муллими сол»  дар ду сол як маротиба  доир  гардида, даври ниҳоии он   моҳи декабр дар пойтахти кишвар-  шаҳри Душанбе  барпо мешавад. 
 
 
 
 
 

Апрель 7, 2014 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад